Суббота, Декабрь 21, 2024

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, с. 2014

Дар шаҳри Чкалов, ки яке аз азимтарин марказҳои саноатии вилояти Суғд ва тамоми ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сехи нави ҶДММ «Элегант» оид ба истеҳсоли нах ва ресмони базалтӣ аз сангҳои маҳаллии вулқонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Ба сехи номбурда таҷҳизоти нав дароварда шуд, ки онро мутахассисони ширкати «Рос-Базалт»-и шаҳри Барнаул, Ҷумҳурии Олтои Федератсияи Русия ва мутахассисони маҳаллӣ барои корандозӣ омода намуданд. Нахҳои базалт дар ҳамаи иншоотҳои сохтмонӣ барои нигоҳдории гармӣ ва хунукӣ, садо- ва ғавғонигоҳдорӣ, тобоварӣ ба оташ ва бехатарии сӯхтор истифода бурда мешаванд. Ғайр аз ин, роҳбарият ва мутахассисони корхона дар асоси супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ният доранд, лоиҳаи навоваронаро амалӣ созанд, ки дар он оғоз бахшидан ба истеҳсоли маводҳо, арматура, қубурҳо ва дигар масолеҳи сохтмон аз нах ва ресмони санги базалтӣ пешбинӣ карда шудааст.

Соҳибкорони тоҷик ва русиягӣ, ки бо ин намуди фаъолият машғуланд, эътимод бар он доранд, ки ба ҳадафи пешгузоштаашон ноил мегарданд, зеро дар Тоҷикистони кӯҳӣ захираҳои калони сангҳои ороишӣ мавҷуд буда, истифодаи самараноки онҳо дар истеҳсолот метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии рушди минбаъдаи хоҷагии халқ гардад.

Дидани аксҳо