Суббота, Апрель 20, 2024

Директори генералӣ - Муминов А.А.

Тарҷумаи ҳоли Директори генералии ҶДММ «Элегант» Муминов А.А.

Муассис ва Директори генералии ҶДММ «Элегант» Абдулаҳад Муминов мебошад, с.т. 1965, дар ноҳияи Маскави вилояти Кӯлоб ба дунё омада ва ба воя расидааст. Падари шаш фарзанд. Маълумоти олии педагогӣ дорад ва бо Сертификати Донишгоҳи Консалтинги байналмилалӣ ва бизнес тренинги Колумбия (Иёлоти Миссури, ИМА) сарфароз гардидааст. Корхонае, ки ӯ роҳбариашро ба дӯш дорад, дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа фаъолона ширкат меварзад. Аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ «Элегант» кабудизоркунӣ ва ободонии ҳудуди атроф гузаронида шуд, майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон ва ҷойҳои истироҳати коргарон ва аҳолӣ таҷҳизонида шуданд, ҳар сол ба Хонаи маҷрӯҳони шаҳри Чкалов кӯмаки башардӯстона расонида мешавад. 

Муфассал: Директори генералӣ - Муминов А.А.

Муминов Латиф Одинаевич

Директори сехи «Нахҳои Базалтӣ» Муминов Латиф Одинаевич мебошад, с.т. 1976, дар ноҳияи Маскави вилояти Кӯлоб ба дунё омада ва ба камол расидааст. Падари се фарзанд. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм карда, маълумоти олиро аз рӯи ихтисоси молшинос соли 1998 дар шаҳри Душанбе гирифтааст. Дар ҶДММ «Элегант» аз 2003 инҷониб фаъолияти меҳнатӣ пеш мебарад.

Муминов Рустам Давлатович

Муминов Рустам Давлатович директори «Кони Ободӣ» мебошад, ки дар он санги сохтмонии туф истихроҷ карда мешавад. Ӯ соли 1969 дар шаҳри Норак ба дунё омадааст. Падари се фарзанд. Маълумоти олии бадец ва техникиро дорад. Соли 1988 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии санъати ба номи М. Олимов ва соли 2013 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи М.Осими хатм кардааст. Аз соли 2008 инҷониб дар ҶДММ «Элегант» фаъолият мебарад.

Холиқов Бахтиёр Зоҳирҷонович

Холиқов Бахтиёр Зоҳирҷонович директори молиявӣ мебошад, с.т. 1983, дар ноҳияи Б.Ғафуров ба дунё омада ва ба воя расидааст. Маълумоти олӣ дорад. Соли 2006 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст. Падари се фарзанд. Дар ҶДММ «Элегант» аз соли 2007 инҷониб кор мекунад.

Ғафуров Саидҷон Ҷӯрабоевич

Сартарроҳ (конструктор)-и ширкат Ғафуров Саидҷон Ҷӯрабоевич, с.т. 1936, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шуда ва ба воя расидааст. Маълумоти олии техникии Донишкадаи политехникии Киевро дорад. Падари ду фарзанд. Аз соли 1960 то соли 2011 дар Комбинати маъданӣ-кимиёвии Ленинобод ба ҳайси сартарроҳ фаъолият намудааст. Собиқадори меҳнат, собиқадори саноати атомӣ ва ихтироъкори ИҶШС. Аз соли 2011 инҷониб вазифаи сартарроҳи ҶДММ «Элегант»-ро ба дӯш дорад.

Коновалов Николай Иванович

Механики калони ҶДММ «Элегант» Коновалов Николай Иванович мебошад, с.т. 1957, дар шаҳри Янгиободи Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаи техникӣ дорад, Политехникуми осиёимиёнагии шаҳри Чкаловро хатм кардааст. Падари ду фарзанд. Аз соли 1987 то соли 2011 ба ҳайси механик дар заводи гидрометаллургии комбинати маъданӣ-кимиёвии Ленинобод фаъолияти меҳнатӣ бурдааст. Аз соли 2011 инҷониб дар ҶДММ «Элегант» кор мекунад.

Муминов Маҳмадшариф Давлатович

Муминов Маҳмадшариф Давлатович директори сехи коркарди санги туф «Сангҳои ороишӣ»  мебошад, с.т. 1971, дар ноҳияи Маскави вилояти Кӯлоб ба дунё омада ва ба воя расидааст. Падари чор фарзанд. Маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад. Аз соли 2006 инҷониб дар ҶДММ «Элегант» фаъолияти меҳнатӣ пеш мебарад.