Суббота, Апрель 20, 2024

Сангпахтаи базалтӣ - гарминигоҳдоранда

Сангпахтаи базалтӣ - гарминигоҳдоранда

Дар сохтмони биноҳои истиқомативу тиҷоратӣ ва иншоотҳои дигар, инчунин ҳангоми таъмир кардани онҳо масолеҳи сохтмонии сангпахтаи базалтӣ васеъ истифода бурда мешавад. Истифода он метавонад ба зиёд кардани мӯҳлати хидмати иншоот мусоидат намояд. Ғайр аз ин, сангпахтаи минералӣ хусусиятҳои муҳофизатиро доро буда, қобил аст, таъсири манфии омилҳои муҳити атрофро ба иншоот паст намояд, ки ин барои давомдор гардидани мӯҳлати хидмати он имкон медиҳад. Ҳамчунин, истифодаи гарминигоҳдорӣ дар асоси нахи базалтӣ имконияти ба таври назаррас сарфа кардани хароҷоти нерӯиро фароҳам меоварад.

Хосиятҳои сангпахтаи базалтии минералӣ:

Сангпахтаи базалтии минералӣ ба туфайли ҷинси кӯҳии базалт (аниқтараш нахи базалтӣ) тайёр карда мешавад, он ба маводҳои нахии гарминигоҳдоранда мансуб мебошад, ки худро ҳамчун маводи баландсифат ва серталаб муаррифӣ кардааст.

 

Маводи мазкур хусусиятҳои ба худ хос дорад, ки онро аз дигар маводҳои барои гарминигоҳдорӣ истифодашаванда ҷудо мекунанд. Он ба оташ комилан тобовар буда, садоногузариро таъмин менамояд. Тағйирёбии ҳарорат боиси шаклдигаркунии нахи базалтӣ намешавад, таъсири моддаҳои фаъоли кимиёвӣ ба мавод зарари назаррас намерасонад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, маводи мазкур метавонад ба сифати гарминигоҳдоранда ҳатто дар муҳити таҷовузнок хидмат намояд. Ба туфайли афзалиятҳояш мавод барои гарминигоҳдории иншоотҳои мӯҳлати хидматашон тӯлонӣ васеъ истифода бурда мешавад.

— гармигузаронии паст;

— бехатарии сӯхтор.

 

Ҳарорате, ки нахи базалтӣ ва маводҳои дар асоси он сохташуда бе шаклдигаркунӣ тобоваранд, то 700 дараҷаро ташкил медиҳад.

— садоногузарӣ;

— ҳимоя аз ворид шудани намӣ ва буғ;

— ба шаклдигаркунӣ тобовар;

— бехатарии экологӣ;

— осонии насбкунӣ.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://elegant-tuf.tj/tj/produksiya/bazalt.html?font-size=smaller#sigProGalleriaf725ecb6b6
joomlamodniyportal.ru