Воскресенье, Декабрь 22, 2024

Маълумот дар бораи туф

 Туфи вулқонӣ (аз калимаи tufo* a.volcaniktuff  explosion tuff сарчашма мегирад) – ҷинси кӯҳии такшин аз хокистари вулқонӣ, бомбаҳои вулқонӣ ва дигар шикастапораҳои ҳангоми оташфишонии вулқон барафкандашуда ва зичшуда мебошад. Он зичӣ ва мустаҳкамии ниҳоят баланд дорад. Хусусияти хоси туфҳои вулқонӣ дар он аст, ки шикастапораҳояшон бурҷнок ва таснифнашуда буда, аз рӯи таркиб, хусусият ва андозаҳои шикастапораҳо тасниф карда мешаванд. Туфҳои вулқонӣ рангҳои хеле мухталиф доранд: зард, норанҷӣ, бунафш, гулобӣ, сурх, ҷигарранг, хокистарранг ва сиёҳ. Аз дигар ҷинсҳои санги ороишӣ туфи вулқонӣ бо маҷмӯи калони тобишҳои хушобуранг фарқ мекунад. Зиёда аз 40 тобиши рангҳо аз сиёҳ то сафед мавҷуд аст. Он ҳамчун масолеҳи сохтмон истифода бурда шуда, ба туфайли вазни кам ва ба хунукӣ тобовар буданаш ба сифати санги шукӯҳноки деворӣ хидмат менамояд. Сифатҳои баланди ороишӣ, вазни кам ва мустаҳкамиро доро буда, туфҳои вулқонӣ ба сифати масолеҳи ороишӣ ва деворӣ, пуркунанда дар бетонҳои мулоим ва барои гирифтани қисмҳои меъмории нимрухи мураккаб хидмат мекунанд. Сифати баланди ашёи хом ва истифодаи технологияҳои баланд имкон медиҳанд, ки маҳсулоти сифати аъло (остонаи тирезаҳо, паҳлӯсутунҳо, зинаҳо, нижвонҳо, торумҳо, тахтасангҳои рӯимизӣ, зинапояҳо, устувонаҳо, слебҳо, тахтасангҳо барои ороиши қисми берунии биноҳо, деворҳо ва фарш) истеҳсол карда шавад. Маводи мазкур барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, ки имконияти истифодаи он дар ҳамаи намудҳои сохтмон бе маҳдудият вуҷуд дорад, муфид мебошад. Ҳатто агар туфро танҳо барои рӯйбасти дохилӣ кор фармоем, ин аллакай афзалияти назаррас маҳсуб меёбад. Технология чунин аст: аз туф тахтасангҳои рӯйбаст бурида шуда, аз тарафи пеш онҳо коркард мешаванд, тарафи қафо, яъне «ноаёнашон» бошад, ноҳамворӣ ва дуруштии табииро нигоҳ медорад. Тахтасангҳоро бо ёрии маҳлул мечинанд. Рангубор ва андоваи чунин девор зарурат надорад, аз ин рӯ, хароҷот ба зудӣ ҷуброн мешавад. Девор зебогиро на танҳо аз ҳисоби анвои тобишҳои масолеҳ, балки ба туфайли коркард пайдо мекунад. Ба тарафи пеши коркардшавандаи туф нақшҳои гуногун кашида, аз рӯи хоҳиш ҳатто сангтӯрҳоро аз рӯи фармоиши инфиродӣ  сохтан мумкин аст. Фазои васеътарро ҳавлидорон бо истифодаи туф дар ороиши манзараи атроф ба даст оварда метавонанд. Мизу нимкатҳо, пояҳову устувонаҳо, мебели ороишии аз туф сохташуда бо сабзазор муқобала намекунанд. Баръакс, онҳо таъсири зебогии аслии табиати қитъаи наздиҳавлигиро тақвият медиҳанд. Ва новобаста ба боридани барф, борон, сармо, вазидани шамол ва дигар нозҳои табиат, унсурҳои туфии ороиши манзараи атроф муддати тӯлонӣ «фарсуда намешаванд». Ҳайкалтарошон ҳайкалҳоро аз туф чунон моҳирона метарошанд, ки ашёҳои аз маводҳои муқаррарӣ ва стандартӣ сохташуда дар назди онҳо тираву ноаён метобанд. Натиҷаи кор басо ғайриоддӣ, назаррабо ва пуробуранг мешавад. Маводи табиии то ин андоза пурарзиш аз бинокорон муносибати ҷиддиро ба он талаб мекунанд, зеро барои ин рангу тобишҳо бо риояи лоиҳаи ороишӣ бояд дуруст интихоб карда шаванд, санг бояд коркард шуда, тахтасангҳои тайёр ба рӯи маҳлул чида шаванд. Гуфтан душвор аст, ки чӣ тарз ин масъалаҳо дар кишварҳои хориҷи наздику дур, ки он ҷо туф кайҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, ҳалли худро ёфтаанд. Дар Тоҷикистон бошад, пайдоиши туф бо арзи ҳастӣ кардани ҶДММ «Элегант» дар бозори соҳаи бинокорӣ алоқаманд мебошад, ки ин ширкат масъулияти тамоми намудҳои фаъолияти ба ин мавод марбутро аз таҳвилу коркарди санг сар карда, то ба истифода додани манзили тайёр ба дӯши худ гирифт. Ширкат сехи коркарди туф, санги хоро, мармар, оҳаксангро таъсис додааст ва аз ҳама муҳимаш дар ҳайати худ кормандони баландихтисосро дорад, ки таҷрибаи корро бо ин маводи аҷиб андӯхтаанд. Намудҳои ҳамкорӣ, чун ҳама гуна ширкати маҷмӯавӣ, мухталиф буда метавонанд: аз ҳалли муаммоҳои алоҳида то лоиҳакашӣ ва сохтмони манзили боҳашамат, ки ёдгории ҳақиқии меъморӣ хоҳад буд. Дар таҷрибаи ширкат даҳҳо лоиҳаҳои ҳавлиҳои боҳашамат, таҷрибаи лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва мувофиқаи маъмурӣ-ҳуқуқӣ бо мақомоти давлатӣ мавҷуд мебошанд. Арзиши аслии сохтмоне, ки дар он туфи Тоҷикистон истифода бурда мешавад ва арзиши аслии сохтмоне, ки дар он хишт ба кор бурда мешавад, қиёспазиранд, вале зимнан маводи нав ба меъморон ва ороишгарон имкон медиҳад, ки бо истифода аз технологияҳои нав лоиҳаи асили манзилро тарҳрезӣ намоянд, ки он манзили гарм, бофароғат ва бароҳат хоҳад буд.

Санги ёбоӣ

Санги ёбоӣ - масолеҳи аз ҳама серталаби сохтмон мебошад. Гуногунии намудҳо, андозаҳо ва рангҳои санги муосир интихоби бениҳоят калонро барои фармоишҳои инфиродӣ пешниҳод менамояд. Ин маводи олиҷаноби меъморӣ дар худ мустаҳкамӣ, устуворӣ, қобилияти сармобардорӣ ва субот нисбати таъсироти муҳити беруна, хусусиятҳои гарминигоҳдорӣ ва наминигоҳдорӣ ва зебогии эстетикиро доро мебошад. Афзалиятҳои санги мазкур мустаҳкамии баланд, инчунин сифати баланд ва бобақоӣ маҳсуб меёбанд. Тадқиқотҳои лабораторӣ нишондиҳандаи сардибардории F50-ро тасдиқ намуданд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://elegant-tuf.tj/tj/8-produksiya.html#sigProGalleria0fb92b760b
joomlamodniyportal.ru

Нархнома

Истеҳсолисангитабиииёбоӣ (туфивулқонӣ) Тоҷикистон. Санги ёбоӣ ба Стандарти Давлатӣ ва талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мутобиқ мебошад.

Санги ёбоӣ масолеҳи аз ҳама серталаби сохтмон мебошад. Гуногунии намудҳо, андозаҳо ва рангҳои санги муосир интихоби бениҳоят калонро барои фармоишҳои инфиродӣ пешниҳод менамояд. Ин маводи олиҷаноби меъморӣ дар худ мустаҳкамӣ, устуворӣ, қобилияти сармобардорӣ ва субот нисбати таъсироти муҳити беруна, хусусиятҳои гарминигоҳдорӣ ва наминигоҳдорӣ ва зебогии эстетикиро доро мебошад. Афзалиятҳои санги мазкур мустаҳкамии баланд, инчунин сифати баланд ва бобақоӣ маҳсуб меёбанд. Тадқиқотҳои лабораторӣ нишондиҳандаи сардибардории F50-ро тасдиқ намуданд.

 

Нархнома барои соли 2014

 Скачать прайс - лист

Намуди

маҳсулот

Номгӯй

Андоза мм

Миқдориборбандҳо

Миқдор 1м2

Нарх бо долл.

 

Санги суфтаи ёбоӣ

 

1

 

Санги суфтаи ёбоӣ

 

200х70х15

 

20

71

20

2

 

Санги суфтаи ёбоӣ

 

200х100х15

 

20

50

20

3

 

Санги суфтаи ёбоӣ

 

300х100х15

20

33

20

4

 

Санги суфтаи ёбоӣ

 

200х70х20

20

71

20

5

 

Санги суфтаи ёбоӣ

 

200х100х20

20

50

20

6

 

Санги суфтаи ёбоӣ

 

300х100х20

20

33

20

 

Санги ёбоии намуди пеш бе фаска

 

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бе фаска

200х70х25

22

71

20

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бе фаска

200х100х25

20

50

20

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бе фаска

300х100х25

10

33

20

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бе фаска

200х20х25

20

250

25

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бе фаска

300х20х25

20

167

25

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бе фаска

200х30х25

20

167

25

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бе фаска

300х30х25

20

111

25

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бе фаска

 

 

 

20

 

Санги ёбоии намуди пеш бо фаска

 

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бо фаска

200х70х25

22

71

20

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бо фаска

200х100х25

20

50

20

 

 

Санги ёбоии намуди пеш бо фаска

300х100х25

10

33

20

 

 

Сангфарш аз санги ёбоӣ

 

 

Сангфарш аз санги ёбоӣ

100х70х50

10

143

22

 

 

Сангфарш аз санги ёбоӣ

150х70х50

10

95

22

 

 

Сангфарш аз санги ёбоӣ

200х70х50

10

71

22

 

 

Сангфарш аз санги ёбоӣ

100х100х50

10

100

22

 

 

Сангфарш аз санги ёбоӣ

150х100х50

10

67

22

 

 

Сангфарш аз санги ёбоӣ

200х100х50

10

50

22

 

Санги ёбоӣ бо андозаҳои гуногун

 

 

 

Санги ёбоии намуди пеш

От 20-35 мм

 

1

10

 

 

Санги ёбоӣ барои фарш

От 35-30 мм

 

1

10

 

 

Санги ёбоӣ барои фарш

От  50-65 мм

 

1

12

 

Шоҳкориҳоазсангиёбоиитабиӣ

 

 

 

Кӯзаҳоинозукиандозаашонгуногун

 

1

1

Шартномави

 

 

Дастшӯякҳои нозуки андозаашон гуногун

 

1

1

Шартномави

Нархҳо бо доллари ИМА бо шарти DAF Бекобод – убури сарҳади ҶТ ишора шудаанд

Мо фармоишотро дар ҳама гуна андоза қабул менамоем!

Маҳсулотҳои мо

Дизайнеры и оформители


Дизайнеры-оформители ООО «Элегант» из отходов основного производства создают шедевры искусства, подробнее...

Добыча и переработка природных камней

Одним из ведущих направлений деятельности компании ООО"Элегант", является добычи и переработка вулканического туфа подробнее ...

Роҳбарият

Воридшави ба сомона

4922896
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
2239
2419
28432
28432
81519
102620
4922896

Прогноз Сегодня
2688

Онлайн (15 дақиқа пеш):20

IP Шумо:18.118.137.13

Шарикони мо