Воскресенье, Декабрь 22, 2024

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, с. 2014

Дар шаҳри Чкалов, ки яке аз азимтарин марказҳои саноатии вилояти Суғд ва тамоми ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сехи нави ҶДММ «Элегант» оид ба истеҳсоли нах ва ресмони базалтӣ аз сангҳои маҳаллии вулқонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Ба сехи номбурда таҷҳизоти нав дароварда шуд, ки онро мутахассисони ширкати «Рос-Базалт»-и шаҳри Барнаул, Ҷумҳурии Олтои Федератсияи Русия ва мутахассисони маҳаллӣ барои корандозӣ омода намуданд. Нахҳои базалт дар ҳамаи иншоотҳои сохтмонӣ барои нигоҳдории гармӣ ва хунукӣ, садо- ва ғавғонигоҳдорӣ, тобоварӣ ба оташ ва бехатарии сӯхтор истифода бурда мешаванд. Ғайр аз ин, роҳбарият ва мутахассисони корхона дар асоси супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ният доранд, лоиҳаи навоваронаро амалӣ созанд, ки дар он оғоз бахшидан ба истеҳсоли маводҳо, арматура, қубурҳо ва дигар масолеҳи сохтмон аз нах ва ресмони санги базалтӣ пешбинӣ карда шудааст. Соҳибкорони тоҷик ва русиягӣ, ки бо ин намуди фаъолият машғуланд, эътимод бар он доранд, ки ба ҳадафи пешгузоштаашон ноил мегарданд, зеро дар Тоҷикистони кӯҳӣ захираҳои калони сангҳои ороишӣ мавҷуд буда, истифодаи самараноки онҳо дар истеҳсолот метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии рушди минбаъдаи хоҷагии халқ гардад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://elegant-tuf.tj/tj/12-foto/v-prezident-rt.html?font-size=larger#sigProGalleria689184d8e8
joomlamodniyportal.ru

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, с. 2012

Яке аз корхонаҳои саноатии шаҳри Чкалови вилояти Суғд ҶДММ «Элегант» мебошад, ки мавқеи пешбарро дар байни корхонаҳои коркарди сангҳои табиӣ ишғол менамояд. Президенти кишвар Э.Рахмон зимни сӯҳбат бо роҳбарият, мутахассисон ва коргарони корхона, ки дар ин ҷода фаъолият мебаранд, сангҳои табиии Тоҷикистонро сарвари миллӣ номида, ба шахсони масъул супориш дод, ки раванди истихроҷ ва коркардро боз ҳам вусъат дода, номгӯи маҳсулотро аз ин сарвати табиӣ зиёдтар намоянд, ҳамчунин содироти сангҳои табииро ба роҳ монанд. Натиҷаи фаъолияти ширкати «Элегант» вобаста ба истихроҷ, коркард ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ороишӣ намунаи хуби инкишоф дар ин самт ба ҳисоб меравад. Дар корхонаи мазкур 130 нафар коргарону мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд, ки як қисми онҳоро занҳову ҷавондухтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Онҳо аз сангҳои табиӣ бо василаи пурэъҷоз шоҳкориҳо эҷод мекунанд, ки аз ҷумлаи онҳо бештар гулдонҳо, фаввораҳо ва шаршараҳои кӯчаки армуғонӣ маҳсуб меёбанд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://elegant-tuf.tj/tj/12-foto/v-prezident-rt.html?font-size=larger#sigProGalleria5490e13924
joomlamodniyportal.ru

Маҳсулотҳои мо

Дизайнеры и оформители


Дизайнеры-оформители ООО «Элегант» из отходов основного производства создают шедевры искусства, подробнее...

Добыча и переработка природных камней

Одним из ведущих направлений деятельности компании ООО"Элегант", является добычи и переработка вулканического туфа подробнее ...

Роҳбарият

Воридшави ба сомона

4922307
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
1650
2419
28432
28432
80930
102620
4922307

Прогноз Сегодня
2328

Онлайн (15 дақиқа пеш):61

IP Шумо:52.15.113.71

Шарикони мо