Среда, Апрель 24, 2024
:

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, с. 2012

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 июни соли 2012 бо мақсади ифтитоҳ бахшидан ба фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ ва иншоотҳои вилояти Суғд бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва шиносоии бевосита бо раванди инкишофи ҳаёти ҷамъият баргузор гардид.

Яке аз корхонаҳои саноатии шаҳри Чкалови вилояти Суғд ҶДММ «Элегант» мебошад, ки мавқеи пешбарро дар байни корхонаҳои коркарди сангҳои табиӣ ишғол менамояд. Президенти кишвар Э.Рахмон зимни сӯҳбат бо роҳбарият, мутахассисон ва коргарони корхона, ки дар ин ҷода фаъолият мебаранд, сангҳои табиии Тоҷикистонро сарвари миллӣ номида, ба шахсони масъул супориш дод, ки раванди истихроҷ ва коркардро боз ҳам вусъат дода, номгӯи маҳсулотро аз ин сарвати табиӣ зиёдтар намоянд, ҳамчунин содироти сангҳои табииро ба роҳ монанд. Натиҷаи фаъолияти ширкати «Элегант» вобаста ба истихроҷ, коркард ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ороишӣ намунаи хуби инкишоф дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Дар корхонаи мазкур 130 нафар коргарону мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд, ки як қисми онҳоро занҳову ҷавондухтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Онҳо аз сангҳои табиӣ бо василаи пурэъҷоз шоҳкориҳо эҷод мекунанд, ки аз ҷумлаи онҳо бештар гулдонҳо, фаввораҳо ва шаршараҳои кӯчаки армуғонӣ маҳсуб меёбанд.

Дидани аксҳо

Маҳсулотҳои мо

Дизайнеры и оформители


Дизайнеры-оформители ООО «Элегант» из отходов основного производства создают шедевры искусства, подробнее...

Добыча и переработка природных камней

Одним из ведущих направлений деятельности компании ООО"Элегант", является добычи и переработка вулканического туфа подробнее ...

Роҳбарият

Воридшави ба сомона

4071233
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
2274
2553
11868
22135
75471
79044
4071233

Прогноз Сегодня
2688

Онлайн (15 дақиқа пеш):30

IP Шумо:3.143.9.115

Шарикони мо