Маълумоти мухтасар дар бораи ширкат
Муассис ва Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант» Муминов Абдулаҳад Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1965, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 5 март дар ноҳияи Маскави вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст, дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд аз соли 2000 инҷониб зиндагӣ мекунад.
Маълумоти олии педагогӣ дорад ва бо сертификати Донишгоҳи Консалтинги байналмилалӣ ва бизнес-тренинги Колумбия, иёлоти Миссури ИМА сарфароз гардидааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант» дар бозори Тоҷикистон аз соли 2000 фаъолият дошта, тиҷорати хешро дар соҳаи содирот ва воридоти молҳои ниёзи мардум, сохтмон ва таъмири биноҳои ҷамъиятӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ ва хусусӣ, истихроҷ ва коркарди сангҳои ороишӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ба роҳ мондааст.
Бо мақсади рушди иқтисодиёт ва истеҳсолот Ҷамъият бо ташкилотҳои илмӣ дар робитаи зич ҳамкорӣ карда, технологияҳои навтаринро дар истеҳсолот татбиқ менамояд.
Ғайр аз ин, корхона бо фаъолияти хайриявӣ машғул мебошад, дар ҳар гӯшаву канори шаҳри Чкалов ва берун аз он самараи меҳнати ҷомеаи меҳнатии моро мушоҳида кардан мумкин аст.
Ширкат амалиётҳои содиротию воридотии молҳои ниёзи мардумро анҷом медиҳад, робитаҳои қавӣ ва бисёрҷонибаро бо шарикони хориҷӣ аз Русия, Украина, Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон бо ширкатҳои зерин дорад: ҶСП «Евраз ЗСМК», ҶСК «ММК», ҶСК «ЧМК», ҶДММ «Технониколь», ТОО «Састобе Технолодҷис», ҶС «КЗАЦИ», ШММ «СЗАЦИ», ШММ «Кант ТШП», Хинженг «Бой-До-Си» (Хитой), ҶДММ «Байр-пак», ҶСК «ММК-Метиз», ҶДММ «Комбинат Волна», ҶСК «Торговый дом ТМК», ҶСК «Башкирская Содовая Компания», ҶДММ «СибТорг», ҶСП «МПК КРЗ», ҶДММ «УЗПС», ҶС «АрселорМеталл Темиртау», ҶДММ «Первая лесопромышленная компания», ҶСК «Северсталь», ҶДММ «Изоляция и кровля», ҶДММ «Белорецкий Металлургический комбинат», ҶДММ «Вубридж трейд Инвест», бо ин ширкатҳо гардиши молӣ даҳҳо миллион сомониро ташкил дод, ба Тоҷикистон садҳо тонна молҳои ниёзи мардум таҳвил карда шуданд.
Ширкат маҳсулоти гуногунро (ба монанди тармева, хушкмева, консерваҳо ва ғ.) ба корхонаҳои Федератсияи Русия: дар Ростови лаби Дон ба ҶДММ «АНФО», ҶДММ «Исфара». Маскав: СИ Турсунов, ҶДММ «Грин-Стоун» ва Павлодари Ҷумҳурии Қазоқистон содир намуд, асъори табдилшаванда ба маблағи садҳо миллион сомонӣ ба буҷети Ҷумҳурӣ ворид карда шуд.
Дар соҳаи сохтмон: Аз соли 2007 оғоз карда, ширкат дар сохтмони якчанд иншоотҳои сохтори давлатӣ, инчунин дар сохтори хусусӣ, ба монанди: қисми сарҳадии низомӣ дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, қисми сарҳадии низомӣ дар деҳаи Росровути ноҳияи Ғончӣ, қисми низомии Вазорати мудофиаи ҶТ дар деҳаи Булоқи ноҳияи Ашт ширкат варзид. Маркази таълимӣ оид ба таълим ва омодакунии гарнизони вилояти Суғд дар шаҳраки Чорух-Дайрон, ки дар он соли 2010 машқҳои якҷояро давлатҳои узви ТШАК «Рубеж-2010» ва соли 2012 машқҳо бо иштироки зерсохторҳои низомии давлатҳои узви «ТҲШ» гузаронида шуданд, аз таъмир бароварда шуд; таъмири марказҳои саломатӣ дар беморхонаҳои Камишқурғон и Гулшани ноҳияи Ашт, таъмири мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳраки Чорух-Дайрон, беморхонаи ноҳияи Зафаробод, таъмир ва таҷдиди қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғд ва ғ. ба анҷом расонида шуданд.
Дар соҳаи истихроҷ ва истеҳсол:
Ҷамъият сертификат барои истифодаи 9,48 га замин дар ноҳияи Ашт дар маҳалли «Долона» барои истихроҷи туфи вулқонӣ дорад, ҳамчунин Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2010 оиди иҷозат додан барои истихроҷ ва коркарди туфи вулқонӣ аз кони «Ободӣ»-и ноҳияи Ашт бароварда шуд.
Соли 2010 Ҷамъият сохтмони сехҳои истеҳсолиро барои истеҳсоли сангҳои ороишӣ аз конҳои зикршуда ташкил намуд, тақрибан 40 воҳиди таҷҳизот барои коркарди сангҳо насб карда шуд, дар муддати кӯтоҳ кадрҳои корӣ ва мутахассисон омода карда шуданд.
Ҳоло Ҷамъият имконият ва иқтидори истеҳсоли беш аз 85 ҳазор метри мураббаъ сангҳои ороиширо дар як сол доро мебошад.
Бо рафти истихроҷ ва коркарди сангҳо моҳи июни соли 2012 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд ошно гардида, ҳамчунин бо фаъолияту нақшаҳоямон барои оянда шинос шуд, ҳайати меҳнатиро бо дастовардҳо табрик намуд ва вазифадор кард, ки истифодаи пурратари сарватҳои табиии Ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шавад, технологияҳои навтарин дар ҷодаи таҳқиқи сангҳои истеҳсолӣ татбиқ карда шаванд.
Ҷамъият сертификат барои истифодаи 9,50 га замин дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд барои истихроҷ ва коркарди сангреза ва рег дорад.
Дар қисми шимолу шарқии шаҳри Чкалови вилояти Суғд Ҷамъият сертификат барои истифодаи 1,34 га замин дорад, ки дар он қитъа базаи истеҳсолӣ, сехҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли нахи базалтӣ, истеҳсолоти ёридиҳанда, ошхона, ҳуҷраҳо барои истироҳати коргарон, ҳуҷраҳои маишӣ, майдончаҳои варзишӣ ва хоҷагии ёрирасон мавҷуданд.
Соли 2013 Ҷамъият аз маблағҳои худӣ сохтмони сехи навро оид ба истеҳсоли нахи базалтӣ оғоз намуда, онро бомуваффақтят анҷом дод.
Санаи 20 августи соли 2014 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари корӣ ба вилояти Суғд ба истеҳсоли нахи базалтӣ оғоз бахшид ва вазифадор намуд, ки барои рушди минбаъдаи маҳсулоти базалтӣ, яъне истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ барои рушди хоҷагии халқи Ҷумҳурӣ бо мақсади кам кардани воридот ва зиёд намудани содироти маҳсулот, ташкили ҷойҳои кории баландтехнологӣ, ҳамкории зич бо макотиби олӣ бо мақсади омода кардани кадрҳои худӣ, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот таъмин карда шавад.
ҶДММ «Элегант» дар ободкунии шаҳри Чкалов фаъолона ширкат меварзад, роҳравҳо, ҷойҳои истироҳатӣ дар назди фаввораҳо обод карда шудаанд, ки барои ин 1500 м2 сангҳои ороишӣ масраф гардид, таҷдид ва таъмири нуқтаи навбатдории ШКД-и ш. Чкалов, инчунин шӯъбаи Вазорати амниятӣ дар ш. Чкалов анҷом дода шуд. Ҷамъият пайваста кӯмаки бебозгашти моддии худро ба Хонаи маҷрӯҳони ш. Чкалов мерасонад. Барои базаи худии энергетикӣ Ҷамъият аз зеристгоҳи барқии ГРЭС-17-и ш. Чкалов ба масофаи 2.5 км ХИБ (ЛЭП) сохта, барои ин беш аз 500 ҳазор сомонӣ маблағ сарф намуд, бо ин хатти қувваи барқ инчунин мактаби Президентӣ, хобгоҳ, хобгоҳи муаллимони мактаби мазкур таъмин карда мешаванд, ғайр аз ин, аз чоҳи артезианӣ дар чуқурии 130 метр бо об таъмин карда мешавад, ки ба он 150 ҳазор сомонӣ масраф гардид.
Барои фаъолияти мӯътадили ҳаётӣ Ҷамъият худро бо қувваи барқи доимӣ ва об таъмин кардааст.
Дардурнамоиназдикдавомиду-сесолиояндасамтҳоиасосиирушдифаъолиятисоҳибкорӣинҳоанд:
· Чорводорӣ
· Занбӯрпарварӣ
· Маҳсулотиконсервагӣ
· Истеҳсолинахибазалтӣвапахта
· Истеҳсолимаҳсулотиозуқаворӣ
· Истеҳсолимолҳоирӯзгор
· Тиҷорат
· Сохтмон
· Истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ
· Ороишгарон
Ороишгарони ҶДММ «Элегант» аз партовҳои истеҳсолоти асосӣ дурдонаҳои санъатро эҷод менамоянд.
Истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ
Яке аз самтҳои пешбари фаъолияти ширкати ҶДММ "Элегант" истихроҷ ва коркарди туфи вулқонӣ мебошад.
https://elegant-tuf.tj/tj/2-elegant.html?font-size=l&limitstart=0#sigProGalleriab6d7407fff
Дизайнеры-оформители ООО «Элегант» из отходов основного производства создают шедевры искусства.