Бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ – сангҳои туф бинои дуошёна бо манора сохта шуд. Меъмории бино тимсоли қаср буда, дохили он обуранги махсус дода шудааст. Дар ошёнаи якум бахши китобхонаи шаҳрӣ ҷойгир гардида, ҳуҷраи дигар ҳамчун осорхонаи геологӣ истифода бурда мешавад.
Дар осорхона ҳамаи намудҳои сангҳои Тоҷикистон ва гӯшаи сангҳои Арабистони Саудӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Осорхона барои толибилмони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни вилояти Суғд кушода мебошад.
Бахши китобхонаи шаҳрии шаҳри Чкалов аз китобҳои классикони адабиёти тоҷику рус, асарҳои муаллифони хориҷӣ (тақрибан 5 ҳазор) бой мебошад. Дар китобхона китобҳои илмиву таърихӣ, инчунин китобҳои равияи техникии соҳаҳои мухталифро фарогиранда мавҷуданд.