Пятница, Ноябрь 22, 2024

Маълумот дар бораи туф

 Туфи вулқонӣ (аз калимаи tufo* a.volcaniktuff  explosion tuff сарчашма мегирад) – ҷинси кӯҳии такшин аз хокистари вулқонӣ, бомбаҳои вулқонӣ ва дигар шикастапораҳои ҳангоми оташфишонии вулқон барафкандашуда ва зичшуда мебошад. Он зичӣ ва мустаҳкамии ниҳоят баланд дорад. Хусусияти хоси туфҳои вулқонӣ дар он аст, ки шикастапораҳояшон бурҷнок ва таснифнашуда буда, аз рӯи таркиб, хусусият ва андозаҳои шикастапораҳо тасниф карда мешаванд. Туфҳои вулқонӣ рангҳои хеле мухталиф доранд: зард, норанҷӣ, бунафш, гулобӣ, сурх, ҷигарранг, хокистарранг ва сиёҳ. Аз дигар ҷинсҳои санги ороишӣ туфи вулқонӣ бо маҷмӯи калони тобишҳои хушобуранг фарқ мекунад. Зиёда аз 40 тобиши рангҳо аз сиёҳ то сафед мавҷуд аст. Он ҳамчун масолеҳи сохтмон истифода бурда шуда, ба туфайли вазни кам ва ба хунукӣ тобовар буданаш ба сифати санги шукӯҳноки деворӣ хидмат менамояд. Сифатҳои баланди ороишӣ, вазни кам ва мустаҳкамиро доро буда, туфҳои вулқонӣ ба сифати масолеҳи ороишӣ ва деворӣ, пуркунанда дар бетонҳои мулоим ва барои гирифтани қисмҳои меъмории нимрухи мураккаб хидмат мекунанд. Сифати баланди ашёи хом ва истифодаи технологияҳои баланд имкон медиҳанд, ки маҳсулоти сифати аъло (остонаи тирезаҳо, паҳлӯсутунҳо, зинаҳо, нижвонҳо, торумҳо, тахтасангҳои рӯимизӣ, зинапояҳо, устувонаҳо, слебҳо, тахтасангҳо барои ороиши қисми берунии биноҳо, деворҳо ва фарш) истеҳсол карда шавад. Маводи мазкур барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, ки имконияти истифодаи он дар ҳамаи намудҳои сохтмон бе маҳдудият вуҷуд дорад, муфид мебошад. Ҳатто агар туфро танҳо барои рӯйбасти дохилӣ кор фармоем, ин аллакай афзалияти назаррас маҳсуб меёбад. Технология чунин аст: аз туф тахтасангҳои рӯйбаст бурида шуда, аз тарафи пеш онҳо коркард мешаванд, тарафи қафо, яъне «ноаёнашон» бошад, ноҳамворӣ ва дуруштии табииро нигоҳ медорад. Тахтасангҳоро бо ёрии маҳлул мечинанд. Рангубор ва андоваи чунин девор зарурат надорад, аз ин рӯ, хароҷот ба зудӣ ҷуброн мешавад. Девор зебогиро на танҳо аз ҳисоби анвои тобишҳои масолеҳ, балки ба туфайли коркард пайдо мекунад. Ба тарафи пеши коркардшавандаи туф нақшҳои гуногун кашида, аз рӯи хоҳиш ҳатто сангтӯрҳоро аз рӯи фармоиши инфиродӣ  сохтан мумкин аст. Фазои васеътарро ҳавлидорон бо истифодаи туф дар ороиши манзараи атроф ба даст оварда метавонанд. Мизу нимкатҳо, пояҳову устувонаҳо, мебели ороишии аз туф сохташуда бо сабзазор муқобала намекунанд. Баръакс, онҳо таъсири зебогии аслии табиати қитъаи наздиҳавлигиро тақвият медиҳанд. Ва новобаста ба боридани барф, борон, сармо, вазидани шамол ва дигар нозҳои табиат, унсурҳои туфии ороиши манзараи атроф муддати тӯлонӣ «фарсуда намешаванд». Ҳайкалтарошон ҳайкалҳоро аз туф чунон моҳирона метарошанд, ки ашёҳои аз маводҳои муқаррарӣ ва стандартӣ сохташуда дар назди онҳо тираву ноаён метобанд. Натиҷаи кор басо ғайриоддӣ, назаррабо ва пуробуранг мешавад. Маводи табиии то ин андоза пурарзиш аз бинокорон муносибати ҷиддиро ба он талаб мекунанд, зеро барои ин рангу тобишҳо бо риояи лоиҳаи ороишӣ бояд дуруст интихоб карда шаванд, санг бояд коркард шуда, тахтасангҳои тайёр ба рӯи маҳлул чида шаванд. Гуфтан душвор аст, ки чӣ тарз ин масъалаҳо дар кишварҳои хориҷи наздику дур, ки он ҷо туф кайҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, ҳалли худро ёфтаанд. Дар Тоҷикистон бошад, пайдоиши туф бо арзи ҳастӣ кардани ҶДММ «Элегант» дар бозори соҳаи бинокорӣ алоқаманд мебошад, ки ин ширкат масъулияти тамоми намудҳои фаъолияти ба ин мавод марбутро аз таҳвилу коркарди санг сар карда, то ба истифода додани манзили тайёр ба дӯши худ гирифт. Ширкат сехи коркарди туф, санги хоро, мармар, оҳаксангро таъсис додааст ва аз ҳама муҳимаш дар ҳайати худ кормандони баландихтисосро дорад, ки таҷрибаи корро бо ин маводи аҷиб андӯхтаанд. Намудҳои ҳамкорӣ, чун ҳама гуна ширкати маҷмӯавӣ, мухталиф буда метавонанд: аз ҳалли муаммоҳои алоҳида то лоиҳакашӣ ва сохтмони манзили боҳашамат, ки ёдгории ҳақиқии меъморӣ хоҳад буд. Дар таҷрибаи ширкат даҳҳо лоиҳаҳои ҳавлиҳои боҳашамат, таҷрибаи лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва мувофиқаи маъмурӣ-ҳуқуқӣ бо мақомоти давлатӣ мавҷуд мебошанд. Арзиши аслии сохтмоне, ки дар он туфи Тоҷикистон истифода бурда мешавад ва арзиши аслии сохтмоне, ки дар он хишт ба кор бурда мешавад, қиёспазиранд, вале зимнан маводи нав ба меъморон ва ороишгарон имкон медиҳад, ки бо истифода аз технологияҳои нав лоиҳаи асили манзилро тарҳрезӣ намоянд, ки он манзили гарм, бофароғат ва бароҳат хоҳад буд.

Маҳсулотҳои мо

Дизайнеры и оформители


Дизайнеры-оформители ООО «Элегант» из отходов основного производства создают шедевры искусства, подробнее...

Добыча и переработка природных камней

Одним из ведущих направлений деятельности компании ООО"Элегант", является добычи и переработка вулканического туфа подробнее ...

Роҳбарият

Воридшави ба сомона

4813348
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
3176
3705
18181
23307
74591
113497
4813348

Прогноз Сегодня
3000

Онлайн (15 дақиқа пеш):48

IP Шумо:3.145.112.23

Шарикони мо