Дар шаҳри Чкалов, ки яке аз азимтарин марказҳои саноатии вилояти Суғд ва тамоми ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сехи нави ҶДММ «Элегант» оид ба истеҳсоли нах ва ресмони базалтӣ аз сангҳои маҳаллии вулқонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Ба сехи номбурда таҷҳизоти нав дароварда шуд, ки онро мутахассисони ширкати «Рос-Базалт»-и шаҳри Барнаул, Ҷумҳурии Олтои Федератсияи Русия ва мутахассисони маҳаллӣ барои корандозӣ омода намуданд. Нахҳои базалт дар ҳамаи иншоотҳои сохтмонӣ барои нигоҳдории гармӣ ва хунукӣ, садо- ва ғавғонигоҳдорӣ, тобоварӣ ба оташ ва бехатарии сӯхтор истифода бурда мешаванд. Ғайр аз ин, роҳбарият ва мутахассисони корхона дар асоси супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ният доранд, лоиҳаи навоваронаро амалӣ созанд, ки дар он оғоз бахшидан ба истеҳсоли маводҳо, арматура, қубурҳо ва дигар масолеҳи сохтмон аз нах ва ресмони санги базалтӣ пешбинӣ карда шудааст.
Муфассал: Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, с. 2014
Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 июни соли 2012 бо мақсади ифтитоҳ бахшидан ба фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ ва иншоотҳои вилояти Суғд бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва шиносоии бевосита бо раванди инкишофи ҳаёти ҷамъият баргузор гардид.
Яке аз корхонаҳои саноатии шаҳри Чкалови вилояти Суғд ҶДММ «Элегант» мебошад, ки мавқеи пешбарро дар байни корхонаҳои коркарди сангҳои табиӣ ишғол менамояд. Президенти кишвар Э.Рахмон зимни сӯҳбат бо роҳбарият, мутахассисон ва коргарони корхона, ки дар ин ҷода фаъолият мебаранд, сангҳои табиии Тоҷикистонро сарвари миллӣ номида, ба шахсони масъул супориш дод, ки раванди истихроҷ ва коркардро боз ҳам вусъат дода, номгӯи маҳсулотро аз ин сарвати табиӣ зиёдтар намоянд, ҳамчунин содироти сангҳои табииро ба роҳ монанд. Натиҷаи фаъолияти ширкати «Элегант» вобаста ба истихроҷ, коркард ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ороишӣ намунаи хуби инкишоф дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Муфассал: Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, с. 2012