Директори генералӣ - Муминов А.А.

Тарҷумаи ҳоли Директори генералии ҶДММ «Элегант» Муминов А.А.

Муассис ва Директори генералии ҶДММ «Элегант» Абдулаҳад Муминов мебошад, с.т. 1965, дар ноҳияи Маскави вилояти Кӯлоб ба дунё омада ва ба воя расидааст. Падари шаш фарзанд. Маълумоти олии педагогӣ дорад ва бо Сертификати Донишгоҳи Консалтинги байналмилалӣ ва бизнес тренинги Колумбия (Иёлоти Миссури, ИМА) сарфароз гардидааст. Корхонае, ки ӯ роҳбариашро ба дӯш дорад, дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа фаъолона ширкат меварзад. Аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ «Элегант» кабудизоркунӣ ва ободонии ҳудуди атроф гузаронида шуд, майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон ва ҷойҳои истироҳати коргарон ва аҳолӣ таҷҳизонида шуданд, ҳар сол ба Хонаи маҷрӯҳони шаҳри Чкалов кӯмаки башардӯстона расонида мешавад. 

ҶДММ «Элегант» дар ҷанбаи сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ фаъолият мебарад ва барои ин аз маводи сохтмонии кони дар ихтиёри худ дошта ва истеҳсоли худӣ, ки онҳо маҳсулоти табиӣ маҳсуб меёбанд, истифода мебарад. Яке аз онҳо туфи вулқонӣ буда, аз кони ба ширкат тааллуқдошта истихроҷ карда мешавад; дар сехи дигар «Нахҳои Базалтӣ» истеҳсол карда мешаванд, ки дар сохтмон ҳамчун маводи гарминигоҳдоранда, аз садову ғайво ҳимоякунанда ва нерӯ нигоҳдоранда васеъ истифода бурда мешавад ва дар тамоми дунё муаррифӣ гардидааст.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://elegant-tuf.tj/tj/onas/rukavodstvo/2-gendirektor.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleriabba7e908f9
joomlamodniyportal.ru